Баҳои «ду» дар пешонии толибилмон ба барканории оммавии омӯзгорон боис гардид

Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар бораи аз мақом барканор шудани мудири мактаби №5 шаҳри Бекобод хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин барканорӣ ба он марбут аст, ки Д. Бобомуродова – яке аз омӯзгорони мактаби мазкур ахиран дар пешонии хонандагони синфи 1 баҳои "ду" гузошт. Акси кӯдакон бо навиштаи рақами "ду" дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар бораи аз мақом барканор шудани мудири мактаби №5 шаҳри Бекобод хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин барканорӣ ба он марбут аст, ки Д. Бобомуродова – яке аз омӯзгорони мактаби мазкур ахиран дар пешонии хонандагони синфи 1 баҳои "ду" гузошт.

Акси кӯдакон бо навиштаи рақами "ду" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Додситонии шаҳри Бекобод ҳамроҳ бо мақомоти маориф тафтиши ҳодисаи мазкурро шурӯъ карданд.

Гуфта мешавад, мақомоти прокуратура ба рафтори омӯзгор ҳамчун "шиканҷаи равонӣ" нисбати хонандагон баҳо додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар пайи ин моҷаро шартномаи меҳнатӣ бо мудири мактаб бекор шуда, ҳамчунин 7 нафар кормандони ин муассисаи таълимӣ аз кор озод шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.