Суруди тоҷикии «Муҳаббат» – армуғони ҳунармандони беларусӣ ба тоҷикон

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон санаи 15 май ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд. Гуфта мешавад, ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ […]

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон санаи 15 май ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд. Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданд. Онҳо инчунин бо гулдухтарони шаҳри Ваҳдат зери оҳанги тоҷикӣ рақсиданд.

Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи бошукӯҳи ҳунарии ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.

Аҳли толор ба барномаи ҷолиби ҳунарпешаҳои беларусӣ аҳсан хонданд. Рақсҳои ҷолибу миллии ансамбли «Хорошки», таронаҳои дилнавози ҳунарпешаҳои хизматнишондода Владимир Громов ва Алёна Ланская аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. Суруди машҳури «Муҳаббат», ки армуғони меҳмонони беларусӣ ба аҳли толор буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки шоми имрӯз, 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва белорусҳо» ифтитоҳ меёбад.

Ҳамчунин соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони белорусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.