Даъвати Президент ба иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи Рамазон

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дарар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои […]

Наим Халимов

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ, аъзои ҳукумат ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ машварати корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дарар кори машварат масъалаҳои рафти иҷрои қонуну қарорҳо, дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ, вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин натиҷагирии мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон, баррасӣ гардида, оид ба амалӣ сохтани онҳо гузориши Сарвазир ва роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд.

Бо дарназардошти пуштибонии амиқи мардум аз талошу тадбирҳои ояндадори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирии мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ҷомеа баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум ба роҳ монда шудааст, аз ин ру Президенти мамлакат дастур доданд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.