Иштироки беш аз 436 ҳазор нафар дар чорабинии Рӯзи дави миллӣ

Дар Рӯзи дави миллӣ, ки санаи 20 май дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир гардид, беш аз 96 ҳазор нафар иштирок карданд, ки миёни онҳо аз кӯдакони синни томактабӣ то нафақахӯрон ҳузур доштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии варзишии Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 ҳазор нафар […]

Asia-Plus

Дар Рӯзи дави миллӣ, ки санаи 20 май дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир гардид, беш аз 96 ҳазор нафар иштирок карданд, ки миёни онҳо аз кӯдакони синни томактабӣ то нафақахӯрон ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии варзишии Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, дар саросари кишвар дар Рӯзи дави миллӣ дар маҷмӯъ 436,6 ҳазор нафар тоҷикистониён, аз ҷумла 124,6 ҳазор нафар занон ширкат варзида, шумори бештари онҳо дар шаҳри Душанбе – беш аз 45 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст.

Дар масофаи 10 километр миёни мардон донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ Меҳрубон Шамсиддинов ва байни занон донишҷуӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Салима Боронова ғолибият ба даст оварда, ба онҳо туҳафҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.