Барои беҳбуди вазъи обтаъминкунии Душанбе БОР 41 млн. доллар ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) ояндаи наздик ният дорад, ки барои беҳбуди вазъи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба сифати грант 41 млн. доллар маблағ ҷудо кунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар ин бора зимни вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси БОР оид […]

Бонки осиёгии рушд (БОР) ояндаи наздик ният дорад, ки барои беҳбуди вазъи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба сифати грант 41 млн. доллар маблағ ҷудо кунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар ин бора зимни вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси БОР оид ба инфрасохтори шаҳрдорӣ Рамола Сингру изҳори назар шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба расонидани кумаки техникиро дар доираи омодагӣ ба амалисозии Лоиҳаи "Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе" баррасӣ карданд.

Лоиҳаи мазкур дар бахши шаҳрдории Тоҷикистон нахустин хоҳад буд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ ба барқарор намудани иншооти обтаъминкунӣ ва обу корез (канализатсия) равона гардида, ба беҳбуди сатҳи устуворӣ нисбати таъсири иқлим ва таҳкими имконоти ниҳодии КВД «Обу корези Душанбе» мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо кумаки техникии Бонки осиёгии рушд ба маблағи 650 ҳазор доллар мавриди таҳия қарор дорад. Арзиши умумии лоиҳа наздики 41 млн. долларро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби БОР ба сифати грант пешниҳод мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.