Ҳалокати панҷ нафар: ду сарнишин ва се кӯҳнавард

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи салоҳиятдори огаҳ аз ҷараёни амалиёти наҷоти кӯҳнавардон хабар дод. “Аллакай дақиқан маълум аст, ки ду сарнишини чархбол ва се нафар кӯҳнавардон ба ҳалокат расиддаанд. Айни замон дар макони афтодани чархбол дастаи наҷотдиҳандагон қарор доранд. Дар фурсати наздиктарин бояд онҳоро ба ҷои бехавф баранд. Робита бо онҳо хуб аст”, […]

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи салоҳиятдори огаҳ аз ҷараёни амалиёти наҷоти кӯҳнавардон хабар дод.

“Аллакай дақиқан маълум аст, ки ду сарнишини чархбол ва се нафар кӯҳнавардон ба ҳалокат расиддаанд. Айни замон дар макони афтодани чархбол дастаи наҷотдиҳандагон қарор доранд. Дар фурсати наздиктарин бояд онҳоро ба ҷои бехавф баранд. Робита бо онҳо хуб аст”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мекунад, ки дар фурсати наздиктарин аз ҷузъиёти корҳои наҷот хабари расмӣ интишор мешавад.

Тибқи маълумоти Кумита, чархбол дар кӯҳҳои Помир “нишасти сахт” анҷом дода, онро ҳамроҳ бо ҳайати сарнишинон ширкати сайёҳии PamirPeaks аз Гвардияи миллӣ иҷора гирифтааст.

Тибқи маълумоти як манбаъ дар ширкат, айни замон 150 нафар сайёҳон дар кӯҳҳо қарор доранд ва онҳо дақиқан гуфта наметавонанд, ки маҳз киҳо дар ин чархбол ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.