КҲФ: бо кӯҳнавардон робита барқарор шуд. Онҳо ба кӯчидан омодагӣ мегиранд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки айни замон иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шудааст. Гуфта мешавад, макони феъолии онҳо дақиқ карда шуда, дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард.  Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷузъиёти корҳои наҷот хабари расмӣ интишор мешавад. […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки айни замон иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шудааст.

Гуфта мешавад, макони феъолии онҳо дақиқ карда шуда, дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард. 

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷузъиёти корҳои наҷот хабари расмӣ интишор мешавад.

Дар Кумита ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз нишасти сахти чархбол дар кӯҳҳо онҳо соати 18-и рӯзи 12 август огаҳ гардидаанд.

«Бо сабаби номусоидии обуҳаво мо ба макони ҳодиса дарҳол чархбол фиристода натавонистем, аз ин рӯ, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ субҳи имрӯз оғоз гардиданд, ки ба он се чархбол сафарбар шуд», – гуфтанд дар Кумита.

Дар ҳамин ҳол, telegram-шабакаи Mash иттилоъ медиҳад, ки кӯҳнавардон ба кӯчидан омодагӣ мегиранд.

«Қаблан як нафар аз кӯҳнавардон Дмитрий Кумшаев бо наҷотдиҳандагон дар тамос шуда, гуфтааст, 12 нафар дақиқан зиндаанд ва ҳамсари ӯ аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Барои гарм шудан сайёҳон сарулибосашонро ба оташ андохтаанд. Наҷотбахшон сайёҳонро пайдо намуда, акнун дар фикри чӣ гуна наҷот додани онҳо мебошанд», – менависад шабака.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.