Дар кӯли Душанбе ҷасади ҷавонзанро ҷустуҷӯ доранд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи дуюм аст, ки дар кӯли “Мехкарер”, воқеъ дар маҳаллаи “Гипрозем” ҷасади ҷавонзанро ҷустуҷӯ доранд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумита хабар дод, ғаввосон (водолазҳо) имрӯз то ба чуқурии 16 метр дар об поин фаромада, вале ҷустуҷӯҳо то ҳол натиҷа надодааст. Бино ба маълумоти Кумита, сокини пойтахт, ҷавонзани 23-24-сола […]

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи дуюм аст, ки дар кӯли “Мехкарер”, воқеъ дар маҳаллаи “Гипрозем” ҷасади ҷавонзанро ҷустуҷӯ доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумита хабар дод, ғаввосон (водолазҳо) имрӯз то ба чуқурии 16 метр дар об поин фаромада, вале ҷустуҷӯҳо то ҳол натиҷа надодааст.

Бино ба маълумоти Кумита, сокини пойтахт, ҷавонзани 23-24-сола нимаи рӯзи 12 август дар кӯл ғарқ шудаааст.

“Ҷавони ҳамроҳаш ба зан кумак карда натавониста, худаш низ бо як азобе худро аз об берун гирифтааст”, – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози сол дар наҳру кӯл ва дарёву обанборҳои Тоҷикистон беш аз 70 нафар ғарқ шудаанд, ки синни 26 нафари онҳо то 16-сола мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.