Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли автобусу мошинҳои боркаш месозанд

Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш сохта мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар Кумитаи мазкур охири ҳафтаи гузашта маросими баимзорасии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия […]

Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш сохта мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар Кумитаи мазкур охири ҳафтаи гузашта маросими баимзорасии “Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Гуфта мешавад, созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати ҶТ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд -Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз номи ҶДММ “Авесто Гуруҳ”, директори генералӣ – Мирзо Муҳаммад Файзуллозода ва аз номи  ва ширкати «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI»-и Ҷумҳурии Туркия – менеҷери генералии ширкат Ремзи Бака ба имзо расониданд.

Қайд мешавад, ки бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи муштараки “AKIA AVESTO”, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст, шинос шуда, амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонии шаҳри Душанбе муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар мавриди ба фаъолият оғоз намудани корхонаи  нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.

Корхонаи мазкур дар муҳлати як сол сохта ба истифода дода шуда, дар оянда ташкили марказҳои хизматрасонӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити Сервис Лтд» амалӣ хоҳад гашт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.