Манбаъ: Миёни кӯҳнавардон шаҳрвандони Русия, Беларус ва Испания ҳузур доштанд

Аксариятро дар байни гурӯҳи кӯҳнавардон русиягиҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз як сарчашмае маълумот дастрас шуд, ки дар ширкати сайёҳӣ кор мекунад. Ҳамчунин дар гурӯҳ шаҳрвандони Беларус ва Испания низ ҳузур доштаанд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, миёни касоне, ки дар чархбол қарор доштанд, қурбониён ва осебдидагон низ ҳастанд. Дафтари матбуоти Кумитаи […]

Аксариятро дар байни гурӯҳи кӯҳнавардон русиягиҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз як сарчашмае маълумот дастрас шуд, ки дар ширкати сайёҳӣ кор мекунад. Ҳамчунин дар гурӯҳ шаҳрвандони Беларус ва Испания низ ҳузур доштаанд.

Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, миёни касоне, ки дар чархбол қарор доштанд, қурбониён ва осебдидагон низ ҳастанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар медиҳад, ки соати 16:30 дақиқаи рӯзи 12-уми  августи соли равон   чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек ба кӯҳ бархӯрд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 август чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 сарнишин зимни нишаст ба мушкилӣ дучор шуд. Кӯҳнавардон бо чархболи МИ-8 аз фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳи худ дар поёнгоҳи пиряхи Фортамбек бармегаштанд.

Субҳи имрӯз ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон ба маҳалли ҳодисаи садамаи чархболи МИ-8 раҳсипор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.