Хуросон: ҳалокати кӯдаки 3-сола зери чархи автомашина

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Хуросон кӯдаки 3-сола ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи Daewoo Cielo Фазлиддин Иноятови 31-сола, сокини ҳамин ноҳия зимни ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, Рамазон Воҳидови ноболиғро пахш мекунад. Гуфта мешавад, дар натиҷа, […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Хуросон кӯдаки 3-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи Daewoo Cielo Фазлиддин Иноятови 31-сола, сокини ҳамин ноҳия зимни ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, Рамазон Воҳидови ноболиғро пахш мекунад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ Рамазон Воҳидов зарари вазнин ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар роҳҳои кишвар 1303 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, беш аз 430 нафаршаҳрвандон ҳалок ва 1400 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.