Пойтахт то 15 сентябр ба зимистон омода мешавад. Муовини сарвазир чунин вазифа гузошт

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки иншооти шаҳри Душанбе то 15 сентябр ба қабули энергияи гармӣ ва оби гарм омода карда шаванд. Муовини сарвазир субҳи имрӯз аз Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1, Душанбе-2, дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқии шаҳр, ҳамчунин аз ҶСК “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” боздид намуд. Азим Иброҳим изҳор намуд, ки соли равон шумори […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки иншооти шаҳри Душанбе то 15 сентябр ба қабули энергияи гармӣ ва оби гарм омода карда шаванд.

Муовини сарвазир субҳи имрӯз аз Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1, Душанбе-2, дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқии шаҳр, ҳамчунин аз ҶСК “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” боздид намуд.

Азим Иброҳим изҳор намуд, ки соли равон шумори хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки ба низоми мутамаркази гармидиҳии шаҳр пайваст мешаванд, 1 ҳазору 700 ададро ташкил хоҳад дод.

Ғайр аз ин, боз пайвасти 100 биноҳои баландошёна ба низоми мутамаркази гармидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

“Танҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт соли гузашта 16 хонаҳои  баландошёна ба низоми қабули гармӣ пайваст шуда, ин рақам имсол 56 ададро ташкил хоҳад дод” – гуфт муовини сарвазир.

Дар ин робита Азим Иброҳим ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки то оғози мавсими гармидиҳӣ шумори иншооти насбшуда ба низоми мутамаркази гармидиҳиро ҳарчи бештар зиёд кунанд.

Қобили зикр аст, ки имсол Маркази барқи гармидиҳии Душанбе-1, дегхонаҳои шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз гази табиӣ барқ ва гармӣ истеҳсол мекунанд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол имкон медиҳад.

Муовини сарвазир доир ба бунёди силсилаи ягона дар низом, ки ба он истеҳсол, интиқол, қабул ва пардохти саривақтии истифодаи гармӣ дохил шавад, дастуру супоришҳо дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.