Нахустнамоиши асари роҳбари ВКД дар саҳнаи театр

Нахустнамоиши спектакл аз рӯи асари роҳбари ВКД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таҳти унвони “Дили модар” нимаи дуюми моҳи август дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Дар спектакл аз ҳаёти донишҷӯ Хуршед ҳикоя мешавад, ки дар Сурия дар сафҳои созмони террористии […]

Нахустнамоиши спектакл аз рӯи асари роҳбари ВКД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таҳти унвони “Дили модар” нимаи дуюми моҳи август дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дар спектакл аз ҳаёти донишҷӯ Хуршед ҳикоя мешавад, ки дар Сурия дар сафҳои созмони террористии “Давлати исломӣ” меҷангад. Модараш низ аз паси фарзанд ба он ҷо меравад, вале вақти вохӯрӣ писар модарро мекушад.

Намоишнома бо порае аз масали машҳур дар бораи ҷавоне, ки барои исботи ишқи худ бо талаби маъшуқа дили модарро меканад, оғоз мегардад.

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода қаблан ҳамчун шоир маъруф буд, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад.

Тақрибан як сол пеш шеъри ӯро бо номи “Ту меарзӣ” дар бораи хизматҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон назди Ватан ва мардуми кишвар Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ва духтари ӯ – овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё сароида буданд.

https://www.youtube.com/watch?v=ezSuwpKUGh0

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.