Сафари ҳунармандони тоҷик ба Тошканд баҳри омодагирӣ ба консерти “Шоми дӯстӣ”

Ҳайати ҳунарии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машраб субҳи рӯзи 14 август барои омодагирӣ ва иштирок дар барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» шоми 17 августи соли 2018 дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» сурат мегирад. […]

Ҳайати ҳунарии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машраб субҳи рӯзи 14 август барои омодагирӣ ва иштирок дар барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» ба шаҳри Тошканд раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» шоми 17 августи соли 2018 дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ҳайати ҳунарӣ аз 170 нафар иборат буда, фарҳанг ва санъати тоҷикро дар барномаи муштараки «Шоми дӯстӣ» ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик ба мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва ансамблҳои рақсиву эстрадӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки зимни нахустин сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 150 нафар ҳунармандони Тоҷикистон ва 100 нафар ҳунармандони кишвари ҳамсоя таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” барномаи консертии пуршукӯҳ баргузор шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.