Раиси Исфара ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳо тақдим кард

Зимни вохӯрии раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Уч-Қӯрғон, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, барои хонандагони синфҳои 8-11-и мактабҳои тоҷикзабони деҳоти Уч-Қӯрғони ноҳияи Қадамҷой 200 нусха китобҳои забону адабиёти тоҷик тақдим шуд. Дар вохӯрии рӯзи 22 сентябр дар Исфара ҷонибҳо дар баробари масоили рушди муносибатҳои ҳамҷаворӣ, […]

Зимни вохӯрии раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода бо Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Уч-Қӯрғон, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, барои хонандагони синфҳои 8-11-и мактабҳои тоҷикзабони деҳоти Уч-Қӯрғони ноҳияи Қадамҷой 200 нусха китобҳои забону адабиёти тоҷик тақдим шуд.

Дар вохӯрии рӯзи 22 сентябр дар Исфара ҷонибҳо дар баробари масоили рушди муносибатҳои ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳоро дар бахши илму фарҳанг ва ҳамчунин масъалаи эҳтиёҷоти мактабҳои тоҷикзабони Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

Мавлонҷон Абдураззоқов қайд кард, ки айни замон дар деҳоти Уч-Қӯрғон 8 мактаби тоҷикзабон фаъолият дошта, ин мактабҳо аз камбуди китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ мушкилӣ доранд.

Дар навбати худ Сиҷоуддин Саломзода изҳор намуд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дархости ӯро бобати мусоидат ба масъалаи ҷудо кардани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ барои мактабҳои тоҷикзабони кишвар ҳамсоя дастгирӣ кард.

 “Ин иқдом аввалин буда, минбаъд ба чунин ташаббусҳо идома медиҳем”, – гуфт ӯ.

Мавлонҷон Абдураззоқов зикр кард, ки ин китобҳоро ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва “Дӯстӣ” мерасонад.

Қобили зикр аст, ки деҳоти Уч-Қӯрғон бузургтарин маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканди Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар деҳот аксаран тоҷикон (65%), ӯзбекҳо (25%) ва қирғизҳо (наздики 10%) зиндагӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.