Сафар ба Русия: бархилофи билетҳои гарони ҳавопаймоӣ

Билетҳои хеле гарони ҳавопаймоӣ тоҷикистониёнро натанҳо ба истифода аз ширкатҳои ҳавопаймоии Бишкеку Тошканд, балки бо нақлиёти заминӣ ҳам ба сафар баромадан маҷбур месозанд. Ҳарчанд ин роҳи хеле тӯлониву вақти хеле зиёдро мегирад ва мусофирон дар роҳ ба мушкилиҳо дучор гарданд ҳам, лекин арзон аст. Аз Душанбе сокинон ба таври муташакилона ба Русия ва Қазоқистон метавонанд […]

Билетҳои хеле гарони ҳавопаймоӣ тоҷикистониёнро натанҳо ба истифода аз ширкатҳои ҳавопаймоии Бишкеку Тошканд, балки бо нақлиёти заминӣ ҳам ба сафар баромадан маҷбур месозанд.

Ҳарчанд ин роҳи хеле тӯлониву вақти хеле зиёдро мегирад ва мусофирон дар роҳ ба мушкилиҳо дучор гарданд ҳам, лекин арзон аст.

Аз Душанбе сокинон ба таври муташакилона ба Русия ва Қазоқистон метавонанд аз автовокзал (ду маротиба дар як ҳафта) ба сафар бароянд. Назди хазинаҳои фурӯши билетҳои самти байнулмилилӣ одамон нисбатан зиёдтаранд, ки асосан муҳоҷирони корӣ мебошанд.

– Аз Душанбе ба Русия ва Қазоқистон мусофирон метавонанд бо ду самт – тариқи Турсунзода ва Хуҷанд ба сафар бароянд. Арзиши билетҳо ба шаҳрҳои Русия тариқи Турсунзода аз 900 то 1100 сомониро ташкил медиҳад. Масалан, то Оренбург ва Самара – 900 сомонӣ, Маскав – 1100 сомонӣ, Қазон ва Астрахан – 1000 сомонӣ. Ба шаҳрҳои Қазоқистон метавон тавассути Хуҷанд ба сафар баромад. Нархи билет то Алмаато – 680 сомонӣ ва то Остона – 700 сомонӣ мебошад, – мегӯяд яке аз фурӯшандагони билетҳо.

Роҳи дигари заминӣ қатора мебошад. Ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе қатораи Душанбе –Маскав ва як маротиба қатораи Кӯлоб – Маскав ба сафар баромада, нархи вагони платскартӣ аз Душанбе – 1450 сомонӣ ва аз Кӯлоб – 1380 сомониро ташкил медиҳад.

Аз Тоҷикистон ба Русия ҳамчунин метавон тариқи Қирғизистон низ сафар кард, то шаҳри Бишкек бо микроавтобусҳои “Спринтер” ва аз Бишкек то Русия бо автобусҳои “Мерседес”. Аз шаҳри Бохтар низ (рӯзи душанбе) тариқи Ӯзбекистон (гузаргоҳи “Дӯстӣ”, ш. Турсунзода) автобус ба Русия раҳсипор мешавад, ки вақти сафар – 4 шабонарӯз буда, нархи роҳкиро – 5,5 – 6 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Аксари муҳоҷирон аз шаҳри Турсунзода сарҳадро гузашта, ба шаҳрҳои Бишкеку Тошканд ва Самарқанд мераванд. Дар он ҷо ба автобусҳои онҳо нишаста ба Русия мераванд, ки хеле арзонтар меафтад.

Ғайр аз ин, муҳоҷирон бо мошинҳи сабукрав ва маршруткаҳо низ ба Русия сафар мекунанд. Ронандагон бо эълон аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон мусофиронро ҷамъ карда, ба сафар мебароянд ва нисбат ба автобусҳо як шабонарӯз тезтар ба нуқтаи таъиншудаи Русия мерасанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.