«Архитектура Душанбе»: тарҳи бинои нав дар ҷойи “Олами китоб”

Дар саҳифаи “Архитектура Душанбе” дар шабакаи иҷтимоии Facebook тарҳи маҷмааи нави бинои истиқоматӣ нашр шуд, ки ба ҷойи хонаҳо дар буриши кӯчаи Айнӣ ва Лоҳутӣ (ошёнаи якум – мағозаи “Олами китоб”) сохта мешавад. Лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 сентябри соли 2018 (№264) таҳия шудааст. Муаллифи коркарди […]

Дар саҳифаи “Архитектура Душанбе” дар шабакаи иҷтимоии Facebook тарҳи маҷмааи нави бинои истиқоматӣ нашр шуд, ки ба ҷойи хонаҳо дар буриши кӯчаи Айнӣ ва Лоҳутӣ (ошёнаи якум – мағозаи “Олами китоб”) сохта мешавад.

Лоиҳаи бинои баландошёнаи истиқоматӣ бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 сентябри соли 2018 (№264) таҳия шудааст.

Муаллифи коркарди лоиҳа ширкати сохтмони ҶДММ “Устувор-2011” буда, ба корҳои сохтмони бино ширкати “Шаҳри зебои ман” машғул мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони ин бино ба шартҳои ширкати сохтмон розӣ набуда, аз ин рӯ, дар мавриди кӯчонидани бино ба прокуратура эътироз овардаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ин биноро метавон ба рӯйхати мероси арзишманди меъмории шаҳри Душанбе дохил кард.

Ин бино нимаи солҳои 50-ум сохта шуда, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами кӯдакон” (Детский мир) ва дар ошёнаҳои боло манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир аст. Замоне дар ин хонаҳо сиёсатмадорону нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо ва арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз зумраи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов, ҳунармандони халқӣ Тӯтӣ Ғаффорова, Маргарита Қосимова, нависанда Ҳабибулло Назаров ва дигарон зиндагӣ кардаанд.

Нимаи солҳои 80-ум мағозаи “Олами кӯдакон” ба мавзеи наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) кӯчонида шуда, ба ҷойи он универмаги “Олами китоб” кушода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.