Қайиқронони Тоҷикистон ба Самарқанд раҳсипор шуданд

Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 20-25 октябр Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қайиқронӣ баргузор мешавад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур субҳи имрӯз ба Самарқанд сафар карданд. Бо истинод […]

Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 20-25 октябр Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қайиқронӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур субҳи имрӯз ба Самарқанд сафар карданд.

Бо истинод ба котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров хабар дода мешавад, ки , варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 1000м, К4 – 500м, С1, С2 – 200 м, 1000 м; С4 – 500м, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 17-сола қувваозмоиҳои К1 – 200м, 500м, 1000м; К2 – 200м, 1000м; К4 – 500м, С1 – 200м, 500м, 1000м; С2 – 200м, 1000м; С4 – 500м, миёни ҷавонони то 23-сола қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 500м, 1000м; К4 – 500м, 1000м, С1, С2 – 200м, 500м, 1000м; С4 – 500м, 1000м (писарон), К1, К2 – 200м, 500м, К4 – 500м, С1, С2 – 200м, 500м, С4-500м (духтарон) қувва месанҷанд.  

Зимнан зикр мегардад, ки дар мусобиқаҳо иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.