Ирсоли бомбаҳо ба Кохи Сафед, хонаи Клинтонҳо ва коргоҳи Обама

Ба хонаи Ҳилларӣ ва Билл Клинтонҳо дар Ню-Йорк афроди ношинос ду дастгоҳи тарканда фиристоданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The New York Times, дастгоҳҳои таркандаро кормандони почта пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, фиристандаи бомба ба манзили Клинтонҳо, коргоҳи президенти пешини ИМА Барак Обама, телевизиони CNN ва миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ба хонаи Ҳилларӣ ва Билл Клинтонҳо дар Ню-Йорк афроди ношинос ду дастгоҳи тарканда фиристоданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The New York Times, дастгоҳҳои таркандаро кормандони почта пайдо кардаанд.

Гуфта мешавад, фиристандаи бомба ба манзили Клинтонҳо, коргоҳи президенти пешини ИМА Барак Обама, телевизиони CNN ва миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос ба эҳтимоли зиёд як нафар ё як тим аст.

“Ба ҷуз ин, ба додситони пешин Эрик Холдер ва когрессмен Дэббӣ Вассерман Шултс дар Флорида ҳам бомба фиристодаанд. Дар ин бора пулиси Ню-Йорк хабар медиҳад. Ба иттилои мақомот, ин бомбаҳои худсохт будаанд”, – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти ИМА дар ин робита гуфтааст, ки дар Амрико хушунати сиёсӣ вуҷуд надорад. Доналд Трамп изҳор намудааст, ки дар мавриди бомбафиристӣ таҳқиқи густардае шуруъ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.