Пешниҳоди манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёти мусофирбари пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе манъ карда шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ин пешниҳоди худро таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон, ҳамчунин боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе манъ карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ин пешниҳоди худро таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон, ҳамчунин боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт маънидод мекунад.

Пешниҳоди раиси пойтахт ба ҳама гуна навъи нақлиёти мусофирбарӣ ҷамъиятӣ – автобусу троллейбус ва маршруткаҳову (хатгардҳо) такси сарфи назар аз шакли моликияташон дахл хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Душанбе беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Беш аз 560 воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.