Музокирот оид ба Афғонистон дар Маскав 9 ноябр таъин шуд

Музокирот оид ба Афғонистон дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав санаи 9 ноябр таъин шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия. Дар маълумот қайд мешавад, ки ба ин чорабинӣ намояндагони ҳукуматҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА даъват шудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ […]

Музокирот оид ба Афғонистон дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав санаи 9 ноябр таъин шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ба ин чорабинӣ намояндагони ҳукуматҳои Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ИМА даъват шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифтааст, ки ба ин чорабинӣ ҳайати Шӯрои олии сулҳи ин кишварро фиристад. Дар маросими ифтитоҳи музкирот суханронии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар назар аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар ин вохӯрӣ бори нахуст намояндагони ҳаракати фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Толибон” низ ширкат меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Eadaily.com, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг айни замон бо сафар дар Афғонистон қарор дошта, дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Афғонистон, аъзои ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудаст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои дипломатӣ, зимни вохӯриҳои Столтенберг бо ҳукуматдорони Афғонистон ба масоили тавсеъаи ҳузури мушовирон ва мураббиёни НАТО, гуфтушунид бо толибон ва маблағгузорӣ ба артиши Афғонистон, ки солона беш аз 4 млрд. долларро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи Бахши хабарии Осиёи Мрказӣ бо истинод ба Reuters, толибони Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар музокироти бисёрҷонибаи сулҳ дар Маскав эълон карда,аммо намояндаи ин ҷумбиши ҷангӣ мавҷудияти иҷозаи расмӣ барои сафар ба Русияро рад кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.