Шикасти мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон аз Тайбэйи Чин

Дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии-2020 дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон аз дастаи Тайбейи Чин бо ҳисоби 0 бар 9 шикаст хӯрд. Бозии дигар байни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Дар бозии  аввал бонувони футболбози тоҷик дастаи  мунтахаби  бонувони  Муғулистонро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд. […]

Дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии-2020 дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон аз дастаи Тайбейи Чин бо ҳисоби 0 бар 9 шикаст хӯрд. Бозии дигар байни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Дар бозии  аввал бонувони футболбози тоҷик дастаи  мунтахаби  бонувони  Муғулистонро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд.

Пас аз ду давр мунтахабҳои Тайбэйи Чин, Филиппин ва Тоҷикистон се имтиёзӣ доранд. Дастаҳои Муғулистон ва Сингапур як имтиёзӣ касб карданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври сеюм рӯзи панҷшанбе, 8 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад. Соати 13:00 вохӯрии дастаҳои Тайбэйи Чин ва Муғулистон ва соати 16:00 бозии тимҳои Филиппин ва Тоҷикистон оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои даври аввали интихобӣ ғолибони гурӯҳҳо ва дастаҳои зинаи дуюмро ишғолкарда ҳамроҳ бо ду дастаҳои беҳтарини мақоми сеюм (ҳамагӣ 10 даста) ба даври дуюм роҳ меёбанд. Тимҳои Ӯзбекистон ва Ветнам ба таври автоматӣ ба ин давр роҳхат гирифтаанд.

Даври дуюми марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии-2020, ки дар он 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд, аз 1 то 9 апрели соли оянда баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.