Нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли барқ омода аст!

Имрӯз, 14 ноябр як гурӯҳи рӯзноманигорон субҳи барвақт ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” раҳсипор шуданд, то ки бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба маросими ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти пуршукуҳ аз наздик шинос шаванд. Маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ санаи 16 ноябр дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон […]

Имрӯз, 14 ноябр як гурӯҳи рӯзноманигорон субҳи барвақт ба майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” раҳсипор шуданд, то ки бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба маросими ба истифода додани агрегати аввали ин иншооти пуршукуҳ аз наздик шинос шаванд.

Маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ санаи 16 ноябр дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Ба ин маросим намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои ҳамсарҳади иштирокчии лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байнулмилалӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар ва журналистони васоити ахбори умумии хориҷии пешрафта даъват шудаанд.

Имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун корҳои омодагӣ босуръат ҷараён доранд: агрегат аллакай аз реҷаи озмоишӣ гузашта, барои ба кор даровардан омода аст.

Ба қавли муҳандиси пешбари ҶСК “НБО Роғун” Саидшо Охунов, ҳаҷми оби захирашуда дар обанбори нерӯгоҳ кофист.

“Ҳаҷми об дар обанбор 214 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин миқдор барои ба кор даровардани агрегати якуми нерӯгоҳ кофист”, – мегӯяд ӯ.

Бино ба гуфтаи Охунов, шурӯъ аз соли 2008 то имрӯз барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 12 млрд. сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Баландии сарбанд айни замон беш аз 75 метрро ташкил медиҳад, ки ба кори муътадили турбина имкон медиҳад. Баъди анҷоми пурраи сохтмони иншоот баландии сарбанд то ба 335 метр мерасад. Агрегати якум дар марҳилаи аввал 80-120 Мвт нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Айни замон тибқи маълумоти Охунов, ба ҷуз ширкати итолиёвии “Салини Импеҷило”, ки ба бунёди сарбанди нерӯгоҳ машғул аст, дар иншоот боз зиёда аз 70 корхонаҳои фаръӣ – ширкатҳо аз Эрону Русия, Чин, Олмон ва дигар кишварҳо кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.