Довталабии 74 нафар варзишгарон ба дарёфти ҷоизаи Президенти Тоҷикистон

Таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд. Гуфта […]

АМИТ “Ховар”

Таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар рӯзнома як масъала – муҳокимаи номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 пешбинӣ шуда, аз ҷониби аъзои комиссия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Комиссияи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо қарори худ 74 нафар варзишгаронро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоизаи зикршуда дар соли равон пешниҳод намуд.

Хотиррасон мешавад, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, соли 2016  бисту як нафар ва соли 2017  бисту шаш нафар  варзишгарон  соҳиби ин ҷоиза гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15 ҳазор то 300 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Соли гузашта гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров барои дарёфти медали тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиё (июли соли 2017) соҳиби ин ҷоиза гардида, бо 75 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор – ба мураббии варзишгар) мукофотонида шуд.

Комроншоҳи Устопириён низ барои медали тиллои мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Чин бо 75 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор сомонӣ – ба мураббӣ) маблағи ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Барои медали биринҷии мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки моҳи майи соли 2017 дар Ҳиндустон баргузор шуд, ба Бахтовар Ҳасанов 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ – ба мураббӣ) маблағи ин ҷоиза тақдим шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.