Ҳафтаи кинои ҷавонон дар Тоҷикистон. Филми аввал – “Нолаи танбӯр”-и деринтизор

Дар Тоҷикистон рӯзи 8 декабр Ҳафтаи кинои ҷавонон оғоз гардида, дар доираи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як силсила чорабиниҳо баргузор мешаванд. Ин як натиҷагириест аз лоиҳаи «Резиденция экспериментального кино «My Vision»,  ки дар ҳамдастӣ бо “Тоҷикфилм”, Иттифоқи синамогарон, “Суғд Синамо”, сафоратхонаҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуд. Дар чаҳорчӯби лоиҳа […]

Дар Тоҷикистон рӯзи 8 декабр Ҳафтаи кинои ҷавонон оғоз гардида, дар доираи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд як силсила чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Ин як натиҷагириест аз лоиҳаи «Резиденция экспериментального кино «My Vision»,  ки дар ҳамдастӣ бо “Тоҷикфилм”, Иттифоқи синамогарон, “Суғд Синамо”, сафоратхонаҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуд.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа моҳи майи соли равон барои 16 нафар филмофарони ҷавони интихобшудаи синни аз 18 то 35-сола машғулияти дуҳафтаина гузаронида шуд. Машғулияҳоро мутахассисони беҳтарини соҳаи кинои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон баргузор намуданд.

Маросими ифтитоҳи Ҳафтаи кинои ҷавонон рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта дар Hyatt Regency Dushanbe доир гардида, ҳар рӯз муддати як ҳафта ба тамошобинон филмофарони ҷавон ва корҳои онҳо – филмҳои мустанад ва ҳунарӣ муарифӣ мешаванд. Ҳамаи филмҳо дар муддати хеле кӯтоҳ – се моҳ таҳия гардида, муаррифигари кинои мустақили ҷавонони Тоҷикистон мебошанд.

Филми нахустине, ки дар доираи ин лоиҳа намоиш дода мешавад, “Нолаи танбӯр”-и деринтизори Аниса Собирӣ мебошад. Намоиш санаи 8 декабр соат 18:00 дар Hyatt Regency Dushanbe сурат мегирад. Воридшавӣ қатъиян бо даъватномаҳо аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.