Барои тозагии шаҳри Хуҷанд 12 мошини партовкашонӣ оварданд

Дар доираи амалишавии марҳилаи навбатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд 12 адад техникаҳои нави партовкашонӣ ворид карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни муаррифии техникаҳои воридгардида рӯзи 6 декабр дар назди майдони Парчами давлатии ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки то охири сол боз […]

Дар доираи амалишавии марҳилаи навбатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд 12 адад техникаҳои нави партовкашонӣ ворид карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни муаррифии техникаҳои воридгардида рӯзи 6 декабр дар назди майдони Парчами давлатии ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки то охири сол боз 7 адад техникаҳои партовкашонӣ оварда мешавад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» иброз дошт, ки техникаҳои нав баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва некӯаҳволии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд партовҳо низ бештар гвардида, аз ин лиҳоз, ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти муназзамро ба роҳ монда, барои тозагиву ободонии шаҳр аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини идораҳои роҳу нақлиёт дастур дод, ки барои паси сар намудани зимистони дар пешистода ба таври ҷиддӣ омодагӣ бинанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.