Ҳалокати 6 зодаи Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт дар Русия

Бар асари садамаи нақлиёт дар кишвари Краснодари Русия 6 нафар ҳалок ва 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи фавтидагон, тибқи маълумоти ВАО, зодагони Тоҷикистон – мусофирони автомашинаи “ВАЗ-2114” будаанд, ки ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Вашгирдӣ, сокини ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, дар саҳифаааш дар Фейсбук акси зани фавтидаро гузошта, ӯро аммаи худ […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар кишвари Краснодари Русия 6 нафар ҳалок ва 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи фавтидагон, тибқи маълумоти ВАО, зодагони Тоҷикистон – мусофирони автомашинаи “ВАЗ-2114” будаанд, ки ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Вашгирдӣ, сокини ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, дар саҳифаааш дар Фейсбук акси зани фавтидаро гузошта, ӯро аммаи худ номбар мекунад. Муҳиддин ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ин садама хешу ақрабои ӯ ҳалок шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин садама аммаи 68-солаи ӯ ва се нафар набераҳои 8, 10 ва 18-солааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин хеши 22-солааш низ фавтидааст.

Боз як марди 22-солаи ҳалокшуда, ки дар автомашина қарор дошт, ба оилаи онҳо муносибат надошта, шахсияти ӯ муайян карда мешавад.

“Боз як набераи 11-солаи аммам бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ аст. Ҷасадҳои фавтидагонро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд”, – хабар дод Вашгирдӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки боз се тан осебдидагон аз ин садама – ронанда ва мусофирони мошини “ёрии таъҷилӣ” бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарианд.

“Бар асари садамаи нақлиёт 6 нафар мусофири автомашинаи ВАЗ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд, ки миёнашон 2 ноболиғон ҳастанд. Се нафар кормандони ёрии таъҷилӣ ва ҳамчунин 1 навраси 11-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар кишвари Краснодар.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи ВАЗ таҳти идораи ронандаи 18-сола қарор дошта, ӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд ва ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, ба автомашинаи дигар бармехӯрад.

Бино ба тасдиқи, Муҳиддин Вашгирдӣ автомашинаисабукрави ВАЗ-ро ҷавони рус идора мекардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=hC68MU3ilqo

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.