Интихоби раиси нави ВМКБ моҳи феврали соли оянда доир мегардад

Баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон даъвати панҷум, ки санаи 5 декабр таъин шуда буд, ба рӯзи 11 декабр мавқуф гузошта шуд. Дар иҷлосия масоили марбут ба пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои чанде аз вакилони Маҷлиси вилоят, аз ҷумла собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” […]

Баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон даъвати панҷум, ки санаи 5 декабр таъин шуда буд, ба рӯзи 11 декабр мавқуф гузошта шуд.

Дар иҷлосия масоили марбут ба пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои чанде аз вакилони Маҷлиси вилоят, аз ҷумла собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин санаи интихобот ба ҷойи вакилони хориҷшуда таъин мегардад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба курсии вакилӣ дар Маҷлиси вилоят номзад мешавад.

Пас аз вакили Маҷлиси вилоятӣ интихоб шудани Ёдгор Файзов, иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ моҳи феврали соли 2019 масъалаи тасдиқи фармони президентро дар бораи таъини ӯ ба вазифаи раиси вилоят баррасӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.