Эҳтимоли то 43,6 млн. нафар расидани шумори аҳолии Ӯзбекистон дар соли 2035

Соли 2035 шумори аҳолии Ӯзбекистон 32,1% афзуда, то ба 43,6 млн. нафар расида метавонад. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, 16 соли наздик дар партави афзоиши умумии аҳолӣ фоизи сокинони деҳот кам мешавад. Агар айни замон шумори аҳолии шаҳрҳо 50,6% аз шумори умумиро ташкил […]

Соли 2035 шумори аҳолии Ӯзбекистон 32,1% афзуда, то ба 43,6 млн. нафар расида метавонад. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, 16 соли наздик дар партави афзоиши умумии аҳолӣ фоизи сокинони деҳот кам мешавад. Агар айни замон шумори аҳолии шаҳрҳо 50,6% аз шумори умумиро ташкил диҳад, пас соли 2035 ин нишондиҳанда ба 58,7% мерасад, пешгӯӣ мекунад вазорати ин кишвар.

Тибқи ҳамин маълумот, фоизи мардон дар таркиби аҳолӣ аз 49,8% то 49,5% коҳиш ёфта, фоизи занон аз 50,2% то 50,5% меафзояд.

Дар робита ба миқдори аҳолии коршоям қайд мешавад, ки шумори он аз 18,5 млн. то 25,9 млн. нафар зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмии Кумитаи омори Ӯзбекистон, айни замон шумори аҳолии ин кишвар дар моҳи январи соли равон беш аз 32,6 млн. нафарро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ба аввали соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дода, моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ сокини 9 миллионнафара ба дунё омад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.