Ширкати Tcell – «Беҳтарин соҳибкори соли 2018» дар Суғд!

Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, баргузор шуд, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд роҳандозӣ гардида буд. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овардl Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар […]

Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, баргузор шуд, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд роҳандозӣ гардида буд. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овардl

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа озмуни вилоятии “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то моҳи декабр идома кард. Ин иқдом бо ҳадафи беҳбудсозӣ ва мусоидат дар тақвияти фазои иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳандозӣ шуда буд.

Озмун аз рӯи 42 номгӯй ва 8 бахши соҳибкорӣ ҷараён гирифта, дар он теъдоди зиёди соҳибкорон, ширкатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Ширкати Tcell  «Беҳтарин соҳибкори сол» дар бахши “Беҳтарин соҳибкори вилоят дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” эътироф гардид.

Барои Tcell як чунин шинохту қадрдонӣ аҳамияти бузург дорад: ширкати Tcell ҳамарӯза шабакаашро тақвият медиҳад, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат ба унвони яке аз сохторҳои марбути Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад. 

«Ин мукофот қабл аз ҳама ба муштариёни мо таалуқ дорад. Маҳз онҳо ҳастанд, ки моро интихоб мекунанд, бо мо мемонанд ва барои мо имконияти рушдро фароҳам меоранд, ин омил ба мо такон мебахшад, моро рӯҳбаланд месозад”, мегӯяд Фирдавс Махсумов, Директори бахши Тсеll дар вилояти Суғд. 

___________________

  Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.