Роҳандозии истеҳсоли фулузпораи рехта дар МОИ “Суғд” бо сармоягузории Ӯзбекистон

Корхонаи хурди муосири коркарди металл, ки фаъолияташ ба коркарди металли сиёҳ равона хоҳад шуд, соли оянда бунёд мегардад. Амалисозии лоиҳаи ҶДММ “Оҳанкор” оид ба роҳандозии истеҳсоли фулузпораҳои рехтаи металлӣ дар қаламрави МОИ “Суғд” дар ҷаласаи Комиссияи баррасии нақшаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақоми субъекти МОИ назди Вазорати рушди иқтисод маъқул шуморида шуд. […]

Корхонаи хурди муосири коркарди металл, ки фаъолияташ ба коркарди металли сиёҳ равона хоҳад шуд, соли оянда бунёд мегардад.

Амалисозии лоиҳаи ҶДММ “Оҳанкор” оид ба роҳандозии истеҳсоли фулузпораҳои рехтаи металлӣ дар қаламрави МОИ “Суғд” дар ҷаласаи Комиссияи баррасии нақшаҳои тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон барои гирифтани мақоми субъекти МОИ назди Вазорати рушди иқтисод маъқул шуморида шуд.

Ин нахустин субъект дар МОИ “Суғд” мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои тоҷирони ӯзбек сармоягузорӣ мешавад. Сармоягузор барои роҳандозии истеҳсолот беш аз 1,8 млн. доллар маблағгузорӣ карданист, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи МОИ “Суғд”.

Гуфта мешавад, ҷараёни итеҳсолот дар таҷҳизоти муосир амалӣ мешавад, ки бехатарии экологии истеҳсолотро таъмин менамояд. Фулузпораи металлии рехтаи дар корхона истеҳсолшуда ҷиҳати коркарди минбаъда ба Ӯзбекистон фиристода мешавад.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа қонеъ намудани талабот ба захираҳои ашёи хом дар бозори минтақавии маҳсулоти металлургӣ унвон мешавад. Бо тадриҷан омӯхтани ин бозор, корхона номгӯӣ истеҳсоли маҳсулотро гуногун хоҳад кард. Ба ҷуз фулузпораҳои рехта, истеҳсоли арматура, профилҳои металлӣ ва дигар маҳсулот аз металл низ дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.