Изҳороти президенти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи истеъфои пешазмуҳлат

Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким дар твиттер хабар дод, ки аз 1 феврал ба истеъфо меравад. Директори генералии ташкилот Кристалина Георгиева иҷрокунандаи вазифаи президенти Бонки ҷаҳонӣ мешавад, хабар медиҳад Медуза. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҷим Ён Ким ба кор дар ширкате мегузарад, ки ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои зербиноӣ машғул аст. Номи ин ширкат […]

Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким дар твиттер хабар дод, ки аз 1 феврал ба истеъфо меравад. Директори генералии ташкилот Кристалина Георгиева иҷрокунандаи вазифаи президенти Бонки ҷаҳонӣ мешавад, хабар медиҳад Медуза.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҷим Ён Ким ба кор дар ширкате мегузарад, ки ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои зербиноӣ машғул аст. Номи ин ширкат зикр намешавад.

Ҳамчунин Ҷим Ён Ким ният дорад, ки боз ба ҳайати раёсати созмони байнулмилалии ғайридавлатии “Партнеры по здоровью” (Шарикон оид ба солимӣ) шомил гардад, ки яке аз муассисони он мебошад.

Ҷим Ён Ким соли 2012 ба муҳлати панҷ сол президенти Бонки ҷаҳонӣ шуд. Баъдтар шӯрои мудирони ин ниҳод ӯро дубора ба муҳлати нав интихоб кард, ки бояд соли 2022 ба итмом мерасид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.