Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан – модар дорем”

Дар доираи сафари расмӣ ба Россия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони муқими Русияро ба зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан ва обу хоки муқаддаси он даъват намуд. […]

Дар доираи сафари расмӣ ба Россия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони муқими Русияро ба зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан ва обу хоки муқаддаси он даъват намуд.

“Дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед, – қайд кард ӯ. – Агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед”.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон қариб дар тамоми нуқоти кишвари паҳновари Россия таҳсил ва кору фаъолият дошта, дар ин замина, ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи сиёсати хориҷии худ рушду тавсеаи ҳамкориҳои судмандро бо минтақаҳои Россия ҳамчун самти умда арзёбӣ менамояд.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар сартосари Тоҷикистон ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни таърихиву фархундаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ амалҳои созандаву ободкорӣ вусъати бесобиқа касб намуда, онҳо низ метавонанд ба ин раванди нек ҳамроҳ ва мувофиқи имконият барои рушду тараққиёти Тоҷикистон, ободиву пешрафти Ватани аҷдодии худ ва зодгоҳатон саҳми арзишманд гузоранд.

“Ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз зарур аст, ки ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошед, Тоҷикистонро қисмат накунед ва ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки мо як Ватан – модар дорем”, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҳамватанон даъват намуд, ки қонуну қоидаҳои кишвари иқоматро риоя кунанд ва бо ҳамдиёрон тифоқ буда, ҳамдигарро дастгирӣ намоянд.

“Бори дигар хотирнишон месозам, ки ба тарбияи фарзандон ва тайёр кардани мутахассисони баландпоя эътибори ҷиддӣ зоҳир бояд кард, зеро барои кадрҳои хуб сарҳад вуҷуд надорад ва фарзандони мову шумо, яъне кадрҳои тарбиякардаи мо дар ҳама ҷой мавқеи худро пайдо карда метавонанд”, – иброз дошт Президенти мамлакат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.