Медалҳои нуқраи дзюдочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё

Варзишгарони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, сазовори медалҳои нуқра гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Арабистони Саудӣ Ракан Саидан, дар […]

Варзишгарони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Фуҷайраи АМА ҷараён дорад, сазовори медалҳои нуқра гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Арабистони Саудӣ Ракан Саидан, дар чорякфинал бар намояндаи Муғулистон Дууренбайар Улзибайар дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал варзишгари Қирғизистон Лурий Краковетскийро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сугмин Ким мағлуб гашт.

Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90кг, ки ду соли гузашта чемпиони Осиё буд, имсол ба гирифтани нуқра мушарраф шуд. Комроншоҳ низ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Ӯзбекистон (Давлат Бобонов), Чин (Ҳебилиҷе Бу), Қазоқистон (Ислом Бозбоев) пирӯз гардида, ба финал баромад, вале дар ин давр аз Косуке Машаямаи ҷопонӣ шикаст хурд ва ҷои дуюмро ишғол кард.

Қайд мешавад, ки 3 варзишгари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол карданд ва мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар карданд.

Зикр мегардад, ки варзишгарони дигари мо Акмал Муродов дар вазни -81кг баъд аз пирӯзӣ бар намояндаи Арабистони Саудӣ Ҷобир Алҳазрӣ, дар даври дуюм аз варзишгари Чин Ласай Жа шикаст хӯрд. Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг дар даври аввал аз намояндаи Покистон Ҳусайн Шоҳ мағлуб гашт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.