Бар асари таркиш ҳангоми ифтор дар Афғонистон 4 нафар ҳалок шуданд

Дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон чор таркиш ба амал омад, ки бар асари он 4 нафар ҳалок ва наздики 20 тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад агентии Pajhwok. Таркишҳо дар майдони Талошӣ пас аз намози шом ҳангоми ифтор ба вуқӯъ пайваста, мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки маводи тарканда дастисохт буд. Амали террористии навбатӣ дар […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон чор таркиш ба амал омад, ки бар асари он 4 нафар ҳалок ва наздики 20 тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад агентии Pajhwok.

Таркишҳо дар майдони Талошӣ пас аз намози шом ҳангоми ифтор ба вуқӯъ пайваста, мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки маводи тарканда дастисохт буд.

Амали террористии навбатӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки санаи 9 май дар Қатар гуфтушуниди сулҳомези марҳилаи шашум байни ИМА ва ҳайати “Толибон” бидуни комёбии назаррасе анҷом пазируфт. Дар ин гуфтушунид масоили ихроҷи пурраи нерӯҳои ҳарбии хориҷӣ ва дар қаламрави Афғонистон паноҳгоҳ надодан ба дигар гурӯҳҳои террористӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид намояндаи махсуси ИМА оид ба масоили созиш дар Афғонистон Залмай Халилзод пешрафт дар гуфтушунидҳоро нокофӣ хонда, аз ҷонибҳо дархост намуд, ки баҳри коҳиши сатҳи зӯроварӣ тадбирҳо андешанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.