Эҳтимоли тобистон барқарор шудани парвозҳои “Тоҷик Эйр”

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода рӯзи 13 май зимни кори мизи гирд дар Душанбе оид ба масоили авиатсияи гражданӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки эҳтимол ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар баробари ширкати “Сомон Эйр” имсол ба ҳамлу нақли зойирин ҳангоми адои маросими ҳаҷ машғул шавад. Нахустин зойирини тоҷик имсол барои […]

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода рӯзи 13 май зимни кори мизи гирд дар Душанбе оид ба масоили авиатсияи гражданӣ дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки эҳтимол ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар баробари ширкати “Сомон Эйр” имсол ба ҳамлу нақли зойирин ҳангоми адои маросими ҳаҷ машғул шавад.

Нахустин зойирини тоҷик имсол барои адои маросими ҳаҷ охири моҳи июл ба макони муқаддаси ислом сафар мекунанд.

Икромзода қайд кард, ки айни замон дар ширкат ба корҳои хизматрасонии техникӣ ва санҷиши ҳолати ҳавопаймоҳо ва дигар таҷҳизоту воситаҳои техникӣ машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки ширкати “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ аввали соли равон иҷрои парвозҳояшро қатъ карда буд.

Қобили зикр аст, ки дар кори мизи гирд дар Душанбе намояндагони як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти авиатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори мизи гирд мушкилоти монеъагузор ба рушди авиатсия дар минтақа, ҳамчунин масоли фаъолияти муштараки ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.