Муовини сарвазири пешини Қирғизистонро дар раҳоии як маҳбус гумонбар медонанд

Шамил Атахонов, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон рӯзи 21 май дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев боздошт ва бозпурсӣ шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шамил Атахонов, ноиб-сарвазири пешини Қирғизистон рӯзи 21 май дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев боздошт ва бозпурсӣ шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Гуфта мешавад, Отурбек Ҷамшедов, додситони кулли Қирғизистон 17 апрели соли ҷорӣ хабар дод, ки баррасии парвандаи раҳошавии ғайриқонунии Батукаев дубора рӯи даст гирифта шудааст.

Баъди он табиб Эмил Макимбетов боздошт шуд. Ӯро дар додани ҳуҷҷати қалбакӣ дар бораи бемории табобатнашаванда доштани Батукаев айбдор мекунанд. Баъдтар се табиби дигар боздошт шуд. Вазири пешини тандурустии Қирғизистон Динора Сагинбоева ва мушовири пешини раиси маҳбасҳои Қирғизистон Калибек Качкиналиевро ҳам боздошт карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.