Пардохти қарзи Гулбегим Раҳмоноваи дар Клин фавтида аз ҷониби як нафари хайрхоҳ

Холаи Нишастамоҳ, модари Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки аз нафарони хайрхоҳ миннатдор аст ва дар ҳаққи онҳо дуо мекунад. Ҳамчунин бо хушӣ гуфт, нафари ношиносе қарзи ӯро дар яке аз ташкилотҳои қарзӣ пардохт кардааст. – Нафари хайрхоҳе, ки ман […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Холаи Нишастамоҳ, модари Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки аз нафарони хайрхоҳ миннатдор аст ва дар ҳаққи онҳо дуо мекунад. Ҳамчунин бо хушӣ гуфт, нафари ношиносе қарзи ӯро дар яке аз ташкилотҳои қарзӣ пардохт кардааст.

– Нафари хайрхоҳе, ки ман намешиносамаш, қарзии бонкии духтарамро пардохт мекунад ва гуфтанд, ки аллакай пардохт шудааст. Қарз 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ростӣ, ман намешиносам ин нафарро ва бисёриҳо, ки кӯмак мекунанд, худро муарифӣ наменамоянд, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ин модар, дар як рӯз ба хонаводаи онҳо тақрибан се чор нафар барои аёдати фарзандони Гулбегим меоянд, ки ҳам кӯмакҳои пулӣ мекунанд ва маҳсулоти хӯрока меоранд.

Аммо мегӯяд, то имрӯз сабаби асосии марги фарзандашро намедонад ва дугонаи Гулбегим, ки ӯро ба Русия барои кор даъват карда буд, ба занги телефони онҳо посух намедиҳад.

“Дугонаи духтарамро танҳо дар бозор, ки ба нонфурӯшӣ машғул буд, дидааму халос ва ҳатто нафаре аз наздиконашро низ намешиносам”, – изҳор мекунад ӯбо таассуф.

Модари марҳум мегӯяд, баъди нашр шудани хабари шум дар рӯзномаву расонаҳои хабарӣ сафи хайрхоҳон зиёд  шуда, бо онҳо дар тамос мешаванд.

Бояд гуфт, ки баъди нашри хабари фавти Гулбегим Раҳмонова дар расонаи хабарии “Азия-Плюс”, бисёр нафароне рақами телефони наздикони ӯро пурсиданд, то тавонанд кӯмаки ночизе ба ин хонавода бикунанд.

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик, ки роҳбари гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аст, барои кӯмак намудан ба ин хонавода сандуқи хайриявие таъсис дод, то нафарони хайрхоҳ тавонанд  кӯмаки худро ба ин хонавода расонанд.  

Раҷаби Мирзо дар саҳифаи худ менависад:

–  То имрӯз дар дасти ман аз ҳисоби маблағҳои хайрияи сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он, муҳоҷирони Русия ва бародарони хориҷи дур, дар маҷмӯъ 22 554 СОМОНӢ ва 350$ ҷамъ шудааст. Бар илова, дар Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар нафарони масъули мо мабалағ ҷамъоварӣ доранд ва худашон ҳисобот хоҳанд  дод. Худо хоҳад, аз манотиқи Тоҷикистон ва Русия рӯзи панҷшанбе ҷамъи маблағҳоро як ҷо ҷамъ мекунем ва Рӯзи саиди Ҷумъа ба пайвандони марҳум хоҳем расонд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи ҷамъоварии маблағ аз ҷониби гурӯҳи мазкур то рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта идома меёбад. Аммо бархе иштирокчиёни шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод намудаанд, ки маъракаи ҷамъоварии маблағ як муддати дигар давом ёбад, то бо маблағи ҷамъшуда ба ду фарзанди Гулбегим сарпаноҳ харидорӣ шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.