Кӯчаву хиёбонҳои Душанберо 9,5 млн. бех гулҳо оро доданд

Дар остонаи оғози кори нишасти МҲТБО шаҳри Душанбе ба як гулистоне табдил ёфт: дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт беш аз 9 млн. бех гул шинонида шуд. Мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки муаллифи лоиҳаи омода кардани шаҳри Душанбе ба ҳамоиш киҳоянд. Сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шералӣ Раҳмонов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои […]

Дар остонаи оғози кори нишасти МҲТБО шаҳри Душанбе ба як гулистоне табдил ёфт: дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт беш аз 9 млн. бех гул шинонида шуд.

Мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки муаллифи лоиҳаи омода кардани шаҳри Душанбе ба ҳамоиш киҳоянд.

Сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шералӣ Раҳмонов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои таҳияи лоиҳаи ороиши берунаи манзаравӣ таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳ тарроҳону ороишгарон, меъморон ва гулпарварони шинохта шомил гардидаанд.

Зимнан зикр шуд, ки лоиҳаи зебу ороиши пойтахт ба муносибати баргузории ҳамоиш шахсан аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст.

Дар давраи омодагӣ ба ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе ба сурати умум беш аз 9 млн. 400 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки дар ниҳолхонаҳои шаҳр парвариш ёфтаанд.

Шералӣ Раҳмонов аз посух ба савол дар бораи чӣ қадар маблағ сарф шудан ба ин кор худдорӣ варзид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.