Корхонаи “Тоҷиказот” боз ба сармоягузорӣ ниёз дорад

Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор сохтани фаъолияти ягона дар кишвар корхонаи истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ – ҶСК “Азот” (собиқ “Тоҷик Азот”) сармоягузории мустақим меҷӯяд. Дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қайд мешавад, ки воситаҳои пулӣ барои таъмиру навсозӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи истеҳсоли аммиаку карбамид, ҳамчунин роҳандозии дигар навъҳои нуриҳои минералӣ заруранд. […]

Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор сохтани фаъолияти ягона дар кишвар корхонаи истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ – ҶСК “Азот” (собиқ “Тоҷик Азот”) сармоягузории мустақим меҷӯяд.

Дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қайд мешавад, ки воситаҳои пулӣ барои таъмиру навсозӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи истеҳсоли аммиаку карбамид, ҳамчунин роҳандозии дигар навъҳои нуриҳои минералӣ заруранд.

Маблағи умумии сармоягузории мустақим, ки бояд ҷалб шавад, 350 млн. долларро ташкил дода, муҳлати хароҷоташро баровардан 5 сол зикр шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаро пас аз таъмиру навсозӣ то ба 1,6 млн. тонна дар як сол расонидан ба нақша гирифта шудааст.

“Натиҷаи ниҳоии амалисозии лоиҳа таъмини талаботи кишоварзони маҳаллӣ ба маҳсулоте, ки дар он истеҳсол мешавад ва содироти он ба кишварҳои ҳамсояи минтақа мебошад”, – қайд мекунанд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.

Дар назар аст, ки пас аз таъмиру навсозии корхона ҳаҷми содироти маҳсулот то 1,3 млн. тонна дар як сол расонида шавад. Аз ҷумла, содироти 1 млн. тонна маҳсулоти корхона ба Афғонистон ва боз 300 ҳазор тонна – ба Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба нуриҳои минералӣ дар як сол наздики 180 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, тайи ду соли охир Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба маблағи умумии 69 млн. доллар нуриҳои минералӣ ворид намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.