ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динӣ боқӣ гузошт

Тоҷикистон то ҳол дар феҳристи аз ҷониби ИМА таҳияшудаи кишварҳое қарор дорад, ки ҳукуматдорон дар онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба озодиҳои мазҳабӣ риоя намекунанд, қайд мешавад дар гузориши ҳамасолаи озодиҳои дини дар ҷаҳон, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи озодиҳои динӣ дар соли 2018 ба нашр расидааст. Дар гузориш гуфта мешавад, қонунгузории Тоҷикистон озодиҳои […]

Тоҷикистон то ҳол дар феҳристи аз ҷониби ИМА таҳияшудаи кишварҳое қарор дорад, ки ҳукуматдорон дар онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба озодиҳои мазҳабӣ риоя намекунанд, қайд мешавад дар гузориши ҳамасолаи озодиҳои дини дар ҷаҳон, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи озодиҳои динӣ дар соли 2018 ба нашр расидааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, қонунгузории Тоҷикистон озодиҳои муайяни диниро маҳдуд мекунад, аз ҷумла ба шахсони синни то 18-сола иштирок дар маросимҳои дастаҷамъонаи диниро манъ кардааст.

Зикр мегардад, ки тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи дин, ки моҳи январи соли гузашта мавриди амал қарор гирифтанд, талаб мекунанд, ки муассисаҳои динӣ тамоми маълумотро дар бораи фаъолияташон ба давлат пешниҳод намоянд.

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки тағйирот ба назорати комили муассисаҳои динӣ аз ҷониби давлат имкон дода, озодии виҷдон ва диниро маҳдуд месозанд.

Таъкид мешавад, ки Кумитаи дин аз ваколатҳои васеъ бархӯрдор аст, аз ҷумла бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ, сохтмони макони ибодат, маълумоти динӣ гирифтани кӯдакону наврасон ва паҳн кардани адабиёти динӣ.

Дар рӯйхати “кишварҳои нигаронии зиёд” ба ҷуз Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Чин, Россия, Эрон, Эритрея, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Туркманистон, Сурия, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Судон, ва Ветнам қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон аз сафи кишварҳои нигарониии зиёд дар мавриди риояи озодиҳои динӣ хориҷ шудааст. Дар ин робита муаллифони гузориш изҳор доштаанд, ки тайи соли охир ҳукумати Ӯзбекистон дар самти риояи озодиҳои динӣ ба дастовардҳои муайяне ноил гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.