Президент дар Сангвор: ҳузур дар маросимҳои ба истифода додани иншоот ва суҳбат бо мардум

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар водиии Рашт қарор дорад, дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар водиии Рашт қарор дорад, дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшид.

Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ боздид намуда, бинои маркази савдои “Хингоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маркази савдои “Хингоб” аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маркази савдо бо 10 ҷойи корӣ, дар ошёнаи дуюм чойхона барои 60 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Сипас Сарвари давлат, дар ноҳияи Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти расмии Маркази савдои “Давлатҷон” ҳусни оғоз бахшид. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм ҳамчун маркази ҷавонон барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиҷоратӣ Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 нафар кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманди ноҳияи Сангвор туҳфаҳои идона тақдим намуд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастурхони идона ороста шуд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро барафрохт. Парчами давлатӣ баландиаш 50 метр, паҳноии матоъи Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофии он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.