Хулосабарорӣ аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Откурбек Ҷамшедов, додситонии кулли Қирғизистон дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумон хабар додааст. Гуфта мешавад, ба ин тартиб, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии кулли Қирғизистон аз рӯи айбномаи порлумон нисбати президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев хулосабарорӣ кард. Додситонӣ аз шаш айби эъломкардаи порлумон 5-тои онро асоснок унвон кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Откурбек Ҷамшедов, додситонии кулли Қирғизистон дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи қонунгузории конститутсионии порлумон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, айбномаи таъқиби вакилон, судяҳо, фаъолони ҷамъиятӣ ва расонаҳо – тасдиқ нашуд;

– Азхудсозии ғайриқонунии қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, ки Отамбоев он ҷо манзил сохт, тасдиқ гардид;

– Озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев – нишонаҳои ҷинояти вазнин дида мешавад;

– Ҷамъоварии ғайриқонунии сарват – нишонаҳои ҷинояти сангин дида мешавад;

– Фасодкорӣ ҳангоми навсозии маркази гармидиҳии Бишкек – нишонаҳои ҷиноят дида мешавад;

– Эҳтимоли иштирок дар фурӯши ғайриқонунуии ангишт ба маркази гармидиҳии Бишкек – нишонаҳои ҷиноят дида мешавад.

Зикр мегардад, ки порлумони Қирғизистон рӯзи 20 июн хулосаи комисияи вакилонро дар мавриди эъломи айб нисбати президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ кард. 100 вакили порлумон раъйи мусбат ва танҳо 5 тан раъйи манфӣ доданд.

Канибек Имоналиев, раиси комисия ва узви ҷиноҳи "Ота Макон" гуфт, ки ҷараёни бекорсозии дахлнопазирии Отамбоев чӣ гуна сурат мегирад.

"Акнун додситонии кул он шаш айбро меомӯзад ва хулосаи худро пешниҳод мекунад. Агар айбҳо воқеӣ баҳо дода шаванд, баъд тавассути кумитаҳои марбутаи порлумон пешниҳоди бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев ба раъйдиҳии вакилон гузошта мешавад. Агар додситонӣ баҳои манфӣ диҳад, пас кори мо барбод меравад", – гуфт Имоналиев.

Рӯзи 18 июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон гуфт, ҳангоми ташкили комиссияи порлумонӣ барои бекор кардани дахлнопазирии Отамбоев Конститутсияи ин кишвар нақз карда шудааст. Ҳизб мегӯяд, Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро 24 ноябри соли 2017 дарёфт кард ва қонуне, ки ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарони пешини ин кишварро пешбинӣ мекунад, 4 апрели соли равон қабул шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ҳизб, қарори порлумони Қирғизистон барои ташкили комиссияи мазкур низ қувваи ҳуқуқӣ надорад, зеро он ба феҳристи давлатии меъёрҳои ҳуқуқӣ шомил карда нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.