Душанбе: Сохтмони нуҳ меҳмонхона дар ду соли наздик

Ҳамаи ин меҳмонхонаҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусии ватанӣ бунёд гашта, ҳар кадом чор-панҷ ситорадор хоҳанд буд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 4-уми июл бо тарҳи сохтмони нуҳ меҳмонхона, ки дар ду соли наздик бунёд хоҳанд шуд, шинос шуд. Меҳмонхонаҳои нав дар як вақт метавонанд беш аз ҳазор меҳмонро қабул намоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори […]

Ҳамаи ин меҳмонхонаҳо аз ҷониби ширкатҳои хусусии ватанӣ бунёд гашта, ҳар кадом чор-панҷ ситорадор хоҳанд буд.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 4-уми июл бо тарҳи сохтмони нуҳ меҳмонхона, ки дар ду соли наздик бунёд хоҳанд шуд, шинос шуд.

Меҳмонхонаҳои нав дар як вақт метавонанд беш аз ҳазор меҳмонро қабул намоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори пойтахт.

Аз ҷумла ҶДММ «Рушди Осиё» дар ҳудуди кӯчаи Бохтар меҳмонхонаи «Дипломат», ширкати сохтмонии «Элитстройсервис» дар хиёбони Айнӣ меҳмонхонаи панҷситора, ширкати «Себистон-2018» дар хиёбони Рудакӣ меҳмонхонаи муосире бо номи «Grand RudakI Tower» бунёд мекунад.

Ба шаҳрдори Душанбе ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар доираи иҷрои нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон дар ду соли оянда аз буриши кучаи Дӯстии халқҳо то боғи Ғалаба як қатор биноҳҳои баландошёна бунёд хоҳад шуд. Шаҳрдорӣ дастур дод, ки биноҳҳои нав набояд аз 12 ошёна паст бошанд.

Қайд гардид, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 35 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар Душанбе боз чӣ месозанд?

Чанде қабл Идораи меъмории Душанбе дар бораи сохтмони биноҳҳои нав дар ҷойи хонаҳои кӯҳна хабар дода буд.

Мо харитаеро омода кардем, ки шумо аз руи он метавонед бубинед,дар куҷо чӣ сохта мешавад.

Ин бошад маҷмааи меъмории оянда мебошад, ки сохтмонаш дар кӯчаи С. Айни аз буриши хиёбони А. Рӯдакӣ то кӯчаи “Дӯстии халқҳо” идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.