Вазъи солимии ҷабрдидагон аз сӯхтор дар истгоҳи Душанбе-Помир муътадил арзёбӣ мешавад

Ҳолати Мурод Саидраҳмонов ва Насим Файзуллоев, ки бар асари сӯхта шудани автомашина дар “Автоколоннаи 2927” ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҷавонон дар шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи рақами 3 бистарӣ мебошанд ва табибон чораҳои заруриро андешида истодаанд. Ангур Одинаева, яке аз хешовандони онҳо иброз намуд, ки Мурод ва Насим хешони наздик буда, ҳангоми рух додани ҳодисаи оташ […]

Ҳолати Мурод Саидраҳмонов ва Насим Файзуллоев, ки бар асари сӯхта шудани автомашина дар “Автоколоннаи 2927” ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Ҷавонон дар шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи рақами 3 бистарӣ мебошанд ва табибон чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Ангур Одинаева, яке аз хешовандони онҳо иброз намуд, ки Мурод ва Насим хешони наздик буда, ҳангоми рух додани ҳодисаи оташ гирифтани мошин онро таъмир мекардаанд.

Ӯ гуфт: “Сайфулло Сайидраҳмон, амаки ҷавонон, ки дар хатсайри  Душанбе-Хоруғ-Душанбе ба мусофиркашӣ машғул буд, каме мошинаш вайрон мешавад. Ӯ ба Муроду Насим тамос мегирад ва мегӯяд, ки барои таъмири мошин ба ӯ кӯмак намоянд. Ҷавонон дар таваққуфгоҳ ҳозир мешаванд ва ба таъмири нақлиёт шурӯъ мекунанд. Дар ин ҳолат ронандаи мошин мехоҳад аз баки мошин маводи сӯхт (бензин) бигирад, ки оташи арраи барқӣ ба маводи сӯхт мепарад ва оташ якбора сар мезанад. Ҷавонон низ дар ин ҳолат оташ мегиранд”.

Ба гуфтаи Одинаева, Сайфулло 75 фисади баданаш сӯхтааст ва волидони ӯ аз Бадахшон ба пойтахт  омаданд. Ӯ гуфт, Сайфулло довталаб аст ва рӯзи 3 имтиҳони аввалашро барои дохил шудан ба донишгоҳ супорида буд ва орзуи донишҷӯ шуданро дошт.

Наздикони беморон аз табибон дар сиҳат шудани фарзандонашон умеди зиёд доранд. Ва умед доранд, табиби олмонӣ, ки барои табобати Осия омадааст, онҳоро низ ноумед намесозад ва дар табобати ҷавонон якҷоягӣ бо табибони тоҷик ба онҳо кӯмак мерасонанд.      

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи оташ гирифтани автомашина дар “Автокалоннаи 2927” ду ҷавон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини бадан дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 бистарӣ шуда буданд.

Тибқи иттилои Умарҷони Эмомалӣ, сардори матбуоти ВКД,  ҳодисаи дар “Автокалоннаи 2927” рухдодаро беэҳтиётӣ унвон намуда гуфт, ки  “ҳангоми кор кардани устои нақлиёт дар наздикии махзани сӯхти (бак) мошин  бо арраи барқӣ ронанда, ки бо сатели маводи сухтро мехст ба мошинаш бирезад, шарораи оташ парида ба маводи сухт мерасад, ки дар натиҷа алов сар мезанад”.

Ӯ илова кард, ки дар натиҷа ду ҷавон яке сокини Душанбе ва дигаре истқоматкунандаи вилояти Бадахшон Саидраҳмонов Мурод ва Файзуллоев Насим якумин 19 ва дуюмӣ 18 сол дорад ҷароҳатҳои вазинии ҷисмонӣ бардошта шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи раками 3 бистарӣ шудаанд.  

Тавре ба “АП” аз Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 низ гуфтанд, ду ҷавон яке бо  95 ва дувумин 75 фисади сухтани бадан бистарӣ гардидаанд.  

Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи мазкурр илова кард, беморон дирӯз ба бемрхона оварда шудаанд. Вазъи беморон ваҳим арзёбӣ мешавад ва тамоми чораҳо нисбат ба онҳо андешида мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.