Осияи 6-соларо бори чорум ҷарроҳӣ карданд

Марҳилаи ҷарроҳии чоруми Осияи 6-сола  зиёда 1,5 соат тӯл кашид ва наздиконаш мегӯянд, ки дар ҳавлии беморхонаи Маркази тиббии шаҳрии 3 интизорӣ мекашиданд. Бибии Осия, Фотима Зулфонова, дар суҳбат гуфт, ин чаҳорум ҷарроҳии наберааш аст ва хеле тӯл кашид. Ба гуфтаи Фотима, “табибон гуфтанд, ҷарроҳии имрӯза аз пештара фарқ дорад, чун имрӯз аз ҷойҳои насӯхтаи […]

Марҳилаи ҷарроҳии чоруми Осияи 6-сола  зиёда 1,5 соат тӯл кашид ва наздиконаш мегӯянд, ки дар ҳавлии беморхонаи Маркази тиббии шаҳрии 3 интизорӣ мекашиданд.

Бибии Осия, Фотима Зулфонова, дар суҳбат гуфт, ин чаҳорум ҷарроҳии наберааш аст ва хеле тӯл кашид. Ба гуфтаи Фотима, “табибон гуфтанд, ҷарроҳии имрӯза аз пештара фарқ дорад, чун имрӯз аз ҷойҳои насӯхтаи бадан пӯст гирифта, ба ҷойҳои сӯхташуда мегузоранд. Духтарам азоб кашид ва мо низ хонаву дарро дигар фаромӯш кардаем. Шабу рӯзро дар беморхона мегузаронем”.

Дирӯз Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази мазкур низ гуфта буд, ки фардо ҷарроҳии чоруми Осия бо профессори олмонӣ Эдгор Бимер гузаронида мешавад, аммо гуфт аз ҳолати бемор вобастагӣ дорад.

Маълум мешавад, ки саломатии Осия рӯ ба беҳбудист, ки чаҳорум ҷарроҳии ӯ низ анҷом дода шуд.

Ҳоло Осияи хурдсолро ҳамсари амакаш нигоҳубин мекунад. Ба гуфтаи Фотима Зулфонова, вазъи саломатии модари Осия дар беморхона бад шуд ва ӯ дар хона ба нигоҳубини ду писари хурдсолаш машғул аст.

“Модари Осия аз дидани ин манзараҳо дигар тоқат накарду бемор шуд. Рӯзи охирини дар беморхона буданаш табларза шуд, ӯро ба хона бурдем. Ҳоло Осияро зани амакаш нигоҳубин мекунад ва саломатиашро хеле хуб арзёбӣ менамояд”, илова кард мавсуф.

То чанд маротибаи дигар Осия ҷарроҳӣ хоҳад шуд, феълан маълум нест. Вале Худи Эдгар Бимер табиби олмонӣ вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.