Кишварҳои ОМ аз Иттиҳоди Аврупо 72 млн. евро кумаки иловагӣ дарёфт мекунанд

Иттиҳоди Аврупо барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) иловатан 72 млн. евро медиҳад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 7 июл мулоқоти "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" бо ширкати намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор […]

Иттиҳоди Аврупо барои амалисозии барномаҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) иловатан 72 млн. евро медиҳад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 7 июл мулоқоти "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" бо ширкати намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар поёни ин мулоқот зикр шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳар кадом аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки иловагии моддӣ мерасонад.

Ба иловаи 1 млрд. долларе, ки Иттиҳод барои кишварҳои минтақа аз соли 2014 то 2020 ҷудо кардааст, ба ин кишварҳо 72 млн. еврои дигар дода мешавад.

Ба иттилои Иттиҳод, Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи нави барқӣ 20 млн. евро дарёфт мекунад. Нерӯгоҳи нав барқро қисман ба шимоли Афғонистон содир хоҳад кард. Дақиқ нест, ки кадом нерӯгоҳ мавриди назар аст, аммо Олмон барои сохтмони он изҳори омодагӣ кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот бо намояндаи Иттиҳод вазирони корҳои хориҷии 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.