Тоҷикистониёнро аз 1 сентябр болоравии навбатии тарифҳои нерӯи барқ интизор аст

Мувофиқи қарори санаи 22 июни соли равон қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам 22,66 дирам (бо назардошти ААИ) маблағ пардохт мекунад. Тарифҳои нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло мераванд. Тарифҳо […]

Мувофиқи қарори санаи 22 июни соли равон қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аҳолии Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ҷойи тарифи амалкунанда дар ҳаҷми 19,37 дирам 22,66 дирам (бо назардошти ААИ) маблағ пардохт мекунад.

Тарифҳои нерӯи барқ аз 1 сентябр барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон (ба ҷуз Ширкати алюминии точик) боло мераванд.

Тарифҳо барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 55,14 дирам, истифодабарандагони соҳаи буҷетӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ – 22,66 дирам, барои насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, базаҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёриии назди ҳукумати ҶТ – 7,87 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 22,66 дирам (аз 1 октябр то 31 март), барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 7,87 дирам муқаррар шудааст.

Тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо – 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ), барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 10,76 дирамро ташкил хоҳанд дод.

Дар банди ҷудогонаи қарор Комибинаи металлургии Тоҷикистон зикр шудааст, ки аз 1 сентябр барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 9,68 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 55,14 дирам (аз 1 октябр то 31 март) пардохт мекунад.

Тарифҳо барои истифодабарандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон – КВД “Ширкати алюминии тоҷик” айни замон чунинанд: аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам барои як киловатт ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) – 11,80 дирам.

Қобили зикр аст, ки тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон ахиран аз 1 ноябри соли 2018 боло рафта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.