Зодаи Тоҷикистон ба сӯи афсари Росгвардия дар Маскав зарфи обро партофтааст

Додгоҳҳои шаҳри Маскав рӯзи 2 август чор нафарро дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл ба ҳабс гирифтанд. Бинои ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, дар байни ҳабсшудаҳо як зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов низ ҳаст. Ин ҷавони 21-солаи тоҷик, ки бо тахаллуси MarDD таронаҳои рэп мехонад, дар рӯзи эътирозҳо боздошт шуда, […]

Akhbor.com

Додгоҳҳои шаҳри Маскав рӯзи 2 август чор нафарро дар чорчӯби парвандаи бетартибиҳои оммавӣ дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 27 июл ба ҳабс гирифтанд.

Бинои ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, дар байни ҳабсшудаҳо як зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабов низ ҳаст. Ин ҷавони 21-солаи тоҷик, ки бо тахаллуси MarDD таронаҳои рэп мехонад, дар рӯзи эътирозҳо боздошт шуда, рӯзи 29 июл ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд, вале додгоҳи ноҳияи Пресня ӯро акнун то 27 сентябр ба ҳабс гирифт.

Тафтишот гуфтааст, Самариддин Раҷабов дар ҷараёни эътирозҳо ба сӯи афсари Росгвардия зарфи обро партофтаааст ва он зарф ба гардани афсари пулис бархӯрдааст. Худи Раҷабов дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, рӯзи 27 июл дар маркази Маскав дар як харак нишаста буд ва дар ягон эътироз иштирок надошт.

Гуфта мешавад, мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки рӯзи шанбеи 27 июл, дар ҷараёни эътирозҳои бидуни иҷозат бо талаби ба интихоботи Думаи шаҳри Маскав роҳ додани номзадҳои мухолифин, ин ҷавони тоҷик ба тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ зарфи пур аз обро ҳаво додааст ва ин зарф ба гардани як афсари Росгвардия бархӯрдааст.

Зимнан зикр мегрдад, ки аммо хабарнигори РАПСИ аз толори додгоҳ хабар дод, ки MarDD дар ҷараёни мурофиа ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, дар ягон эътироз иштирок надошт ва рӯзи 27 июл вақте дастгир шуд, ки дар маркази Маскав дар як харак оромона нишаста буд ва ягон кори ғайриқонунӣ накарда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.