Тавсияи худдорӣ аз «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ» ба зойирин

Гурӯҳи аввали шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макони муқаддаси Ислом маросими адои ҳаҷро иҷро мекунанд, рӯзи 18 август ба ватан бармегарданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. “Имрӯз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистону Саудӣ маросими адои ҳаҷро ба ҷо меоранд, зиндаву […]

Гурӯҳи аввали шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макони муқаддаси Ислом маросими адои ҳаҷро иҷро мекунанд, рӯзи 18 август ба ватан бармегарданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

“Имрӯз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Арабистону Саудӣ маросими адои ҳаҷро ба ҷо меоранд, зиндаву саломат буда, ҳамаи ҳоҷиҳои ояндаи тоҷикистонӣ то охири моҳи август ба ватан бармегарданд”, – қайд карданд дар Кумита.

Пеш аз бозгашти зойирин ба кишвар намояндагони Кумита дар шаҳрҳои Маккаву Мадина бо онҳо суҳбат карда, меъёрҳои қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки мувофиқи он, расму оин ва маъракаҳо оид ба гуселу пешвози зойирин танҳо дар доираи аҳли оила сурат мегирад.

“Дар қонун ташкили маъракаҳое ба мисли «ҳоҷиталбон» ва «ҳоҷиошӣ» манъ шудааст. Тақсими оби муқаддаси “Зам-зам” ва хурмо ҳеҷ бадие надорад. Сокинон ҳоҷиёнро бо анҷоми муваффақонаи маросими адои ҳаҷ табрик карда метавонанд”, – гуфт манбаъ.

Чун солҳои пешин имсол низ ҳудуди 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегарданд. Соли равон арзиши ҳаҷ 35 ҳазору 138 сомонӣ ва соли гузашта 33,4 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2016 дар Тоҷикистон бобати ба квотаи сафари ҳаҷ дохил накардани шахсони синнашон поинтар аз 40-сола қарор қабул шуд. Кумитаи дин ба ин васила масъалаи навбатпойии хеле зиёд барои адои маросими ҳаҷро ҳал карданӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.